Аз 1-уми ноябр маоши роҳбарони се ташкилот зиёд карда мешавад

Мувофиқи фармонҳои имсолаи президент, ки амалаш аз 1-уми ноябр имзо шудааст, маоши мансабдорони Вазорати тандурустӣ, Маркази давлатии тестӣ ва Академияи санъат зиёд карда мешавад.
Ба кормандони дастгоҳи марказӣ ва маъмурияти минтақавии Вазоати Тандурустӣ барои собиқаи бисёрсолаи корӣ ҳар моҳ мукофотпулӣ дода мешавад. Ҳангоми муайян кардани маоши кормандони роҳбарикунандаи Маркази Давлатии Тестӣ коэффитсиентҳои тарифӣ ба андозаи якуним маротиба истифода мешаванд. Барои музди меҳнати кормандони дастгоҳи марказии Академияи санъат мукофотпулии моҳона ба андозаи 100% аз буҷаи давлат муқаррар карда шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ