Боз як ҳодисаи сарҳадӣ дар миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон


Дар сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳодисаи навбатӣ рух дод. Бино ба баёнияи Душанбе, сарҳадбонони қирғиз дар ин ҳодиса ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон тир холӣ кардаанд.
Бар асоси хабари кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сокинони деҳаи Хӯҷа Аълои ноҳияи Исфараи вилояти Суғд рӯзи 25 октябр лӯлаҳои (қубур) кӯҳнаро иваз мекарданд. Дар ин ҳангом 25-30 нафар сарҳадбони мусаллаҳи қирғиз ба сӯи онҳо меоянд ва бозистондани корро талаб мекунанд. Онҳо бо таъкиди он, ки ин ҳудуди баҳснок аст, ба сӯи деҳотиён тир холӣ мекунад.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса касе осеб надидааст ва ин ҳудуд қаламрави Тоҷикистон мебошад.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин ҳодисаро фитнаи навбатӣ барои аз байн бурдани оромии сарҳади миёни ду кишвар арзёбӣ кард. Дар ҳоли ҳозир намояндагони ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва хадамоти сарҳадии ду кишвар музокираро оғоз кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ