Дар рейтинги ФИФА Ӯзбекистон мавқеи беҳтаринро ишғол кард

Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги дастаҳои футболи ҷаҳонро нав кард, ки бар асоси он миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Ӯзбекистон мавқеи беҳтаринро ишғол карда, дар ҷойи 84 қарор гирифтааст.
Дар раддабандиҳои се моҳи гузашта Тоҷикистон дар ҷойи 121 қарор дошт ва ҳамакнун дар зинаи 121 қарор гирифтааст.
Қирғизистон бошад дар зинаи 96, Қазоқистон дар ҷойи 119 ва Туркманистон обшад, мавқеи 129-умро соҳиб шудааст.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ