Озарбойҷон ва Арманистон боз ҳамдигарро ба вайрон кардани режими оташбас муттаҳам карданд


Сулҳи муваққатии Озарбойҷон ва Арманистон дар Кӯҳистони Қаробоғ мисли аввалинаш дер давом накард. Вазорати мудофиаи Озарбойҷон баъди чанд соати оғози режими оташбас эълон кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон боз ҳамла кард.
Дар баёнияи вазорати мудофиаи Озарбойҷон чунин гуфта мешавад, “Рӯзи 26 октябр дар соати 08.05 нерӯҳои мусаллаҳи режими нави оташбасро вайрон карданд ва ба дастаҳои артиши Озарбойҷон дар деҳаи Сафияни ноҳияи Лочин ҳамла карданд”.
Арманистон ин иттиҳомро рад кард. Шушан Степанян, котиби матбуотии вазорати мудофиаи Арманистон чунин баёния дод:
“Озарбойҷон сулҳеро, ки дар ИМА баста шуд, дағалона вайрон кард ва соати 08.45 ба мавқеъиятҳои Артсах (номи армании Қаробоғ) ҳамла кард”.
Ёдовар мешавем, ки режими оташбас дар миёни ин ду кишвар субҳи имрӯз ҷорӣ шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ