Дар Самарқанд чандто ҷудошавии оилаҳо қайд гардид


Аз рӯи маълумоти Кумитаи статистикаи давлатӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси Ӯзбекистон 19 970 -то ҷудошавии оилаҳо аз тарафи идораи бақайдгирӣ аниқ гардидааст. Ин нишондод нисбати соли гузашта 3 608 -то кам аст.
Алалхусус, шумораи ҷудошавӣ дар шаҳри Тошканд 2746 -то, дар вилоятҳои Андиҷон 2271 -то, дар вилояти Тошканд 2074 -то, дар вилояти Самарқанд 2058 -то ва дар вилояти Фарғона 1988 -то дараҷаи баланди ҷудошавии оилаҳо ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки дар давоми 9 моҳ ин ҳолат аз ҳама кам дар вилояти Навоӣ яъне, 669 -то ба қайд гирифта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ