Дар Хитой ғори пурасрори ёфтшударо баъди гузаштани 30 сол ба омма ошкор карданд

Олимони хитоӣ ба муайян кардани асрори ғори калони дар провенсияи Чжесяни дурдаст ёфтшуда кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин бора ҳафтаномаи «Мир новостей» навиштааст. Майдони ғор 30000 метри мураббаъро ташкил мекунад. Олимон ба хулосае омаданд, ки ғор ба ҳолати табиӣ ҳосил нашудааст. Онро бо усули сӯрохкунии санг бунёд кардаанд. Асрори ғорро баъди 30 сол ба диққати омма расонданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ