Ҳамдиёрамон трактореро сохт, ки якчанд вазифаро иҷро мекунад

Сокини маҳаллаи Оромгоҳи ноҳияи Чортоқи вилояти Намангон Фарҳод Алимбоев соҳиби маълумоти миёна бошад ҳам, техникаро хуб мефаҳмад. Техникаҳои сохтаи ӯро дар ҷараёнҳои истеҳсолӣ, сохтмон, илму фан васеъ истифода мебаранд. Трактори дар фотосурат буда яке аз ихтирои калони вай мебошад. Нақлиёти мазкур якчанд вазифаро иҷро мекунад. Фарҳод 4 сол пеш сохтани тракторро оғоз кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ