Соли 2020 Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 562,0 ҳазор тонна семент экспорт кард

Соли 2020 истеҳсоли семент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3237,1 ҳазор тонна расид, омадааст дар гузориши Ожонси омори ин кишвар.
Коршиносон мегӯянд ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 89,4 ҳазор тонна зиёд аст.
Дар 9 моҳи соли 2020 истеҳсоли семент ба 3237,1 ҳазор тонна расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 89,4 ҳазор тонна зиёд аст.
«Аз ин миқдор 996,0 ҳазор тонна семент ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон 562,0 ҳазор тонна, Афғонистон 391,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 43,0 ҳазор тонна содирот гардидааст», — омадааст дар гузориш.
Ҳаҷми содиротгардида 31% ҳаҷми сементи дар ин давра истеҳсолгаридаро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ