Сирояти бенишонаи COVID-19 далели “дӯстии организм бо вирус” аст


Олимон сабаби ҳолатҳои бенишонаи сирояти коронавирусро тавзеҳ доданд. Пеш инро далели иммунитети қавӣ мегуфтанд.
Бино ба хабари “Известия”, мутахассисони чинӣ сабаби бенишона будани сирояти коронавирусро дар баъзе ҳолатҳо баён карданд.
Ба гуфтаи онҳо, дар чунин ҳолатҳо, системаи иммун антигени бегонаро “аз они худӣ” меҳисобад ва ӯро рад намекунад. Дар натиҷа, организм бо беморӣ мубориза намебарад ва ҷараёнҳои ҳимоявӣ оғоз намегарданд. Бо ин ҳол, дар бемор нишонаҳо пайдо намешаванд.
Дар бемориҳое мисли саратон ва вабо низ чунин ҷараён мушоҳида шудааст.
Андрей Васин, мудири Пажӯҳишгоҳи системаҳои тиббиёти биологӣ ва биотехнологияҳои Санкт-Петербург мегӯяд, “Организм кӯшиш мекунад, ки то ҳадди имкон зудтар пайомадҳои “дидор” бо вирусро аз байн барад. Ин ду роҳ дорад. Дар ҳоли якум организм аз вирус зуд ва самарбахш халос мехӯрад. Дар ҳоли дувум организм бо вирус “дӯст” мешавад ва осебҳоро ба ҳадди ақал мерасонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ