Алиев ба душманон бо ҳавопаймоҳои “F-16”-и Туркия таҳдид кард


Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон маълум кард, ки дар сурати зарурӣ метавонад аз ҳавопаймоҳои ҷангандаи F-16-и Туркия истифода барад. Дар ин бора “Интерфакс” хабар дод.
Ӯ гуфт, “Аз ман зуд-зуд мепурсанд, ки ҳавопаймоҳои F-16-и Туркия дар ин ҷо чӣ мекунанд? Аз посух додан хаста шудам. Агар моҳвора доред, бинед, ки онҳо на дар осмон, балки дар заминанд. Ҳавопаймоҳо барои машқу размоиш ба ин ҷо омада ва мондаанд”.
Ба гуфтаи Алиев, дар Озарбойҷон ҳамагӣ 5-то F-16-и Туркия қарор дорад.
Ӯ афзуд, “Вале, ба мо таҷовуз кунанд, онҳо дар рӯбарӯи худ F-16-ро хоҳанд дид”.
Ёдовар мешавем, Константин Затулин, намояндаи порлумони Русия чанде пеш гуфта буд, ки дар Озарбойҷон 18-то ҳавопаймои ҷангандаи F-16-и Туркия қарор дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ