Эрон нерӯҳои мусаллаҳи худро дар сарҳади Арманистон ва Озарбойҷон ҷойгир кард


Эрон ба далели шиддат гирифтани вазъият дар Кӯҳистони Қаробоғ нерӯҳои мусаллаҳи худро дар сарҳадҳо Арманистон ва Озарбойҷон ҷойгир кард. Бино ба баёнияи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон, ин иқдом барои манофеъи миллии Эрон ва ҳимояи оромӣ зарур аст.
Теҳрон ҳанӯз дар оғози ҷанг миёни Арманистон ва Озарбойҷон таъкид карда буд, ки ҳаёти аҳолии сарҳадҳои шимолии худро ба зери хавф намегузорад. Аммо дар ин миён чандин бор дар ҳудуди шимолии Эрон чандин бор снарядҳо афтоданд.
Ёдовар мешавем, ки Боку ва Ереван рӯзи 25 сентябр дар бораи режими оташбас тавофуқ карда буданд. Бояд режим аз 26 октябр ҷорӣ мешуд. Аммо ҳамагӣ 1-2 соат баъди ҷорӣ шудани режим тарафҳо дубора ҳамдигарро ба вайрон кардани сулҳ муттаҳам карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ