Аз сессияи Шӯрои вилоят: Ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Р.Холмуродов зарурати баланд бардоштани нуфуз ва аҳамияти маълумоти олии педагогиро барои баланд бардоштани сифати таълими мактабӣ қайд кард.

  • Ҳоло бозомӯзии муаллимони мактабҳо зарур аст, — гуфт Р.Холмуродов. — Дар таълими мутахассисони самти педагогӣ аз таҳсилоти фосилавӣ даст кашидан лозим аст.

Ҳамчунин ба роҳ мондани таълим дар соҳаи маориф на дар асоси шартнома, балки дар асоси грантҳои давлатӣ мувофиқи мақсад мешавад. Чаро дар донишгоҳҳои тиббӣ таълими фосилавӣ вуҷуд надорад? Зеро табиби масъули саломатии инсонро бо ин роҳ омода кардан мумкин нест. Агар мо ба тарбияи ҷавонон бо чунин масъулият муносибат кунем, бояд ба таҳсилоти омӯзгорӣ беш аз пештара диққати ҷиддӣ диҳем.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ