Нерӯҳои ҳавоии ИМА ба позитсияи Толибон дар Афғонистон ҳамла карданд

Ҳавопаймоҳои ҷангии ИМА позитсияҳои нерӯҳои тарафдори Толибонро дар Вардаки маркази Афғонистон бомбборон карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Афғонистон 1TV хабар дод.

Ин канал аз гуфтаҳои полковник Сонни Леггетт, сухангӯи нирӯҳои ИМА дар Афғонистон мисол овардааст.

Сонни Леггетт мегӯяд, ки ҳавопаймоҳои ИМА шаби душанбе «ба мавқеъҳои мушаххас дар позитсияи Толибон дар ноҳияи Нерси вилояти Вардак зарба заданд». Дар ин ҳамла панҷ нафари Толиб кушта шуданд.

Артиши ИМА мегӯяд, ки ҳамлаҳои ҳавоии ИМА ба ҳимояи нерӯҳои амниятии афғон равона шуда буданд ва созишномаи сулҳи миёни ИМА ва Толибон дар Доҳаи Қатар имзошударо вайрон накарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ