Дар Сурхондарё омодагӣ ба ярмаркаи байналмилалии туристӣ идома дорад

Вилояти Сурхондарё ба ярмаркаи 26-уми байналмилалии туристии «Туризм дар роҳи абрешим» омодагӣ мегирад, ки он бори аввал дар мамлакати мо рӯзҳои 11-13-уми ноябри соли равон тавассути платформаи Zoom онлайн баргузор мешавад.

Ярмаркаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тӯли 25 сол ташкил карда шудааст, дар намоиш додани иқтидори сайёҳии кишвари мо ба ҷаҳон нақши муҳим дорад. Ширкатҳои туристии Сурхондарё, мутахассисони меҳмонхонаҳо, намояндагони хадамот ва ҳунармандоне, ки дар ин чорабинӣ солҳои охир фаъолона ширкат варзиданд, ба сайёҳони хориҷӣ имкониятҳои бойи сайёҳӣ ва иншооти туристии минтақа, сифати хизматрасониҳои гуногун ва ҳунарҳои миллиро таблиғ карданд.

Намояндагони агентиҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо бо шарикони хориҷӣ бо ҷалби сайёҳон аз тамоми ҷаҳон шартномаҳои ҳамкорӣ бастанд. Бисёре аз маҳсулоти нодири миллӣ, ки ҳунармандони бомаҳорат месозанд, низ харидор пайдо карданд.

Тибқи иттилои Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ, дар шароити форуми онлайн баргузор шудани ярмаркаи бонуфуз, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, боз як мисоли таваҷҷӯҳи зиёд ба дастгирии туризм дар Ӯзбекистон мебошад. Ярмаркаи анъанавии сайёҳӣ барои ҷалби бештари сайёҳон ба минтақа дар оянда кӯмак хоҳад кард. Роҳи бузурги абрешими бостонӣ барои идомаи кор дар самти барқарорсозии туризм шароити мусоид фароҳам меорад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, 38 ширкати сайёҳӣ, 52 мутахассиси меҳмонхона, ду осорхонаи бузург, инчунин намояндагони оромгоҳҳои Ҳаким Термизӣ ва Исо Термизӣ, ҳунармандони бомаҳорат дар 26-умин ярмаркаи байналмилалии туристии «Туризм дар роҳи абрешим», ки тавассути платформаи Zoom онлайн баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Чорабиниҳои таблиғотие, ки дар минтақа ташкил карда мешаванд, дар бораи ин ҷанбаҳои ярмаркаи бонуфуз маълумоти муфассал медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ