Дар Гуанчжоу Консулии генералии Ӯзбекистон кушода шуд

Дар Гуанчжоуи Чин маросими расмии ифтитоҳи Консулии генералии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар ин бора вазорати корҳои хориҷӣ бо такя ба хабаргузории «Дунё» иттилоъ додааст.

Дар ин маросим Сафири Фавқулода ва Мухтори Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Бахтиёр Саидов, роҳбарони Ҳукумати халқии музофоти Гуандун ва Гуанчжоу, инчунин намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, ҷамъиятӣ ва коршиносони минтақа ва ҳамватанони мо ширкат варзиданд.

Сафир Бахтиёр Саидов қайд кард, ки ифтитоҳи Консулии генералӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва Чин, тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама, афзоиши мубодилаи мол байни минтақаҳо ва музофотҳои ҷанубии Чин мусоидат хоҳад кард.

Умуман, маркази бузурги саноатӣ, молиявӣ ва нақлиётӣ Гуанчжоу дар рушди робитаҳои байниминтақавӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, коммуникатсионии нақлиётӣ ва ғайра нақши муҳим дорад.

Ба Округи Консулии навтаъсис музофотҳои Гуандун, Фужян, Хунан, Ҳайнан ва Вилояти Мухтори Гуанси-Чжуан дохил мешаванд.

Дар ин чорабинӣ инчунин презентатсияи потенсиали сармоягузорӣ, содиротӣ ва сайёҳии Ӯзбекистон намоиш дода шуд. Ба иштирокчиён дар бораи муҳити ҷолиб дар Ӯзбекистон, шароити мусоид барои пешбурди тиҷорат дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дастовардҳо дар рушди сохтмон, саноати бофандагӣ, кишоварзӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар ин самтҳо маълумоти муфассал дода шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ