Ҳаҷми даромади солона ба ҳар сари аҳолӣ дар Ӯзбекистон чӣ қадар аст?

Ҳаҷми даромади солона ба ҳар сари аҳолӣ дар Ӯзбекистон ба 1722 доллар баробар аст, хабар медиҳанд Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА).
Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 1147 доллар, Тоҷикистон — 833 доллар ва Қазоқистон — 8781 долларро ташкил медиҳад. Доир ба Туркманистон маълумот дастрас нест.
Даромади аз ҳама баландтарин дар паҳнои пасошӯравӣ дар кишварҳои Соҳили Балтик ба қайд гирифта шудааст: Эстония — наздики 23 ҳазор доллар, Литва — зиёда аз 19,8 ҳазор ва Латвия — беш аз 17,2 ҳазор доллар.
Ин нишондиҳанда дар Русия ба 9972 доллар, Беларус — 6133, Арманистон — 4314, Молдова — 4267, Озарбойҷон — 4124 ва Украина — 3491 доллар баробар мебошад.
Тибқи маълумоти охири ХБА, танҳо дар 4 кишвари ҷаҳон даромад ба сари аҳолӣ беш аз 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад: Қатар — 139 ҳазор, Макао — 113 ҳазор, Люксембург — 112 ҳазор ва Сингапур — 105 ҳазор доллар.
Даромади аз ҳама пасттарин ба ҳар сари аҳолӣ дар 3 кишвари африқоӣ сабт шудааст: Конго — 661 доллар, Бурунди — 630 ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ — 368 доллар.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ