Дар сессия барои лоиҳаи фармони президент таклифҳо пешниҳод шуданд

Дирӯз сессияи ғайринавбатии шонздаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид.
Дар сессия лоиҳаи Фармони Президенти мамлакатамон “Дар бораи чораҳои иловагӣ роҷеъ ба боз ҳам такмил додани сохтори таълиму тарбия, вусъат додани ривоҷи соҳаи илму фан дар мамлакат” муҳокима гардид.
Сессияро, ки дар он намояндагони Шӯрои халқи вилоят, роҳбарони секторҳо, мутасаддиёни ҳокимияти ноҳияҳо ва ходимони ВАО иштирок доштанд, раиси Шӯро Э.Турдимов сарварӣ намуд.
Қобили таъкид аст, ки лоиҳаи Фармони роҳбари давлатамон, ки ба боз ҳам такмил додани сохтори таълим нигаронида шудааст, ба муҳокимаи васеи ҷамоатӣ гузошта шудааст.
Сардори Садорати таълими халқи вилоят С.Усмонов дар хусуси фикру мулоҳизаҳои педагогҳо, падару модарон ва ҷамоатии васеъ оиди лоиҳаи фармон, таклифҳои кор кардашуда ва аҳамияти онҳо ба депутатҳо маълумот дод. Аз ҷумла, бо мақсади дар сохтори онлайн таҳия кардани таъминоти дастурии тақсими дарсҳои таълимӣ барои хонандагони мактаб, дар марказҳои ноҳия ва шаҳрҳо тавассути Марказҳои хизмати давлатӣ ба мактабҳои таълими умумӣ аз рӯйи микроҳудуди мактаб қабул кардани мактаббачаҳо, бо педагогҳое, ки дар муддати нишондодашуда аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос нагузаштаанд, аз соли нави хониш бекор кардани шартномаи меҳнат, мураттаб сохтани механизм пешниҳод карда шуд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, сенатор Рустам Холмуродов гуфт, ки барои баланд бардоштани сифати таълими мактаб, нуфуз ва аҳамияти таълими олии педагогиро бояд зиёд намуд.

  • Ҳоло худи профессору муаллимонеро, ки барои мактаб омӯзгор омода мекунанд, бояд аз нав тайёр кард, — гуфт Р.Холмуродов. – Дар омодасозии мутахассис дар равияи педагогика аз таълими ғоибона даст кашидан лозим. Инчунин, дар ин равияи таълим на дар асоси шартнома, балки дар асоси гранти давлатӣ ба роҳ мондани таълим мувофиқи мақсад аст. Чаро дар таълимгоҳҳои олии тиббӣ хониши ғоибона нест? Чунки шифокори ба саломатии инсон масъулро ин гуна тайёр кардан ғайриимкон мебошад. Агар дар таълиму тарбияи ҷавонон низ бо ҳамин гуна масъулият такя намоем, дар таълими педагогӣ нисбат ба ҳарвақта эътиборро бояд пурқувват намуд.
    Ректори Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, депутат И.Тӯхтасинов таклиф намуд, ки дар муассисаҳои таълими олӣ сохтори яксола ва дусолаи хониш ба роҳ монда шавад, чунончи самараи хуби чунин сохтор дар ҳамкорӣ бо донишгоҳи Вебстер дида мешавад.
    Депутатҳо, вакилони соҳаи таълим низ лоиҳаи фармонро ҳарҷониба муҳокима карда, пешниҳоду тавсияҳои худро баён намуданд.
  • Мактаб, кори таълиму тарбия танҳо вазифаи вакилони ҳамин соҳа нест, — гуфт ҳокими вилоят Э.Турдимов. — Ба он хурду калон бояд як хел эътибор диҳанд, ҳар касе дарк намояд, ки ояндаи мамлакат, тақдири халқ бо илм, таълиму тарбия вобаста аст. Роҳбари давлатамон дар тадбире, ки ба муносибати Рӯзи муаллим ва мураббиён баргузор шуд, доир ба рушди сохтори таълим дар назди ҳокимон, роҳбарони мутасаддӣ вазифаҳои аниқ гузошта буданд. Дар лоиҳаи Фармон низ он акси худро ёфтааст. Акнун роҳбарони сектор ба мактаб барои танбеҳ додани директор не, балки барои ёрӣ расондан бояд раванд. Ҳокимон, роҳбарони сектор барои шакли мактаб, яъне шароити ин маскан, директор бошад барои мазмун, сифати таълим дар мактаб ҷавоб медиҳад.
    Дар сессия аз рӯйи таклифҳои пешниҳодшуда қарори дахлдори Шӯро қабул карда шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ