Ронандаеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки пиёдагардро зада, гурехтааст

Дар Сирдарё ронандаеро, ки пиёдагардро зада аз ҷойи воқеа гурехтааст, ҷустуҷӯ мекунанд. Дар ин бора хизмати ахбори Садорати бехавфии ҳаракати роҳи вилояти Сирдарё хабар дод. Рӯзи 26-уми октябри соли ҷорӣ автомошини номаълум дар самти Янгиер-Тошканди ҳудуди ноҳияи Мирзообод пиёдагардро зада, аз ҷойи воқеа гурехтааст. Шаҳрванди ҷароҳатбардошта дар беморхона вафот кард. Аз рӯйи воқеаи мазкур корҳои пурсуковӣ мебаранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ