Ҳамлаи ҳаккерҳо ба сайтҳои Фаронса бо шиорҳои “Ғалабаи Муҳаммад” ва “Ғалабаи ислом”


Ҳаккерҳо ба чандин сайти Фаронса ҳамла карданд ва шиорҳое чун “Ғалабаи Муҳаммад”, “Ғалабаи ислом” ва “Марг бар Фаронса”-ро дар он сайтҳо ҷойгир карданд. Ҳамчунин, ҳаккерҳо карикатураи Эммануэл Макронро низ дар сайтҳо ҷой доданд, ки дар он раисҷумҳури Фаронса дар шакли хук тасвир шудааст. Дар чанд сайти дигари фаронсавӣ чунин паём ҳам ҷойгир шуд, “Ҳаккерҳои мусалмон бар зидди Фаронса барои он, ки паёмбар Муҳамадро (с.а.в.) ва исломро дар назди омма таҳқир кард, амалиётеро оғоз намуд”.
Хадамоти миллии ёрӣ ба қурбониёни ҷиноятҳои киберӣ як рӯз пеш аз ин ҳодиса дар Твиттер дар бораи омодашавии ҳамлаҳои паиҳами киберӣ ба сайтҳои фаронсавӣ хабар дода буд.
Суханҳои Макрон баъди кушта шудани омӯзгори таърих, ки карикатураҳои паёмбари исломро ба донишомӯзон нишон дода буд, боиси ҳамлаҳои ҳаккерӣ шуд.
Макрон дар маросими видоъ бо омӯзгор гуфта буд, ки Фаронса аз озодбаёнӣ даст намекашад, аз ҷумла, аз карикатураҳо. Ӯ омӯзгорро “қаҳрамон” ва ҷинояткоронро “тарсуён” номид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ