Дар анборхона сӯхтор сар зад


Рӯзи 24-уми октябри соли ҷорӣ соати 20:20 ба хизмати диспетчерии Садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилояти Самарқанд дар бораи сарзании сӯхтор дар анборхонаи тобеи Ҷамъияти саҳҳомии “Самарқанд консерва”, ки дар кӯчаи Спитамен Шоҳ, хонаи 15 ҷойгир аст, хабар расид. Ба ҷойи сӯхтор фавран 2 экипажи сӯхторхомӯшкунии рақами 1-и мубориза бар зидди сӯхтори шаҳри Самарқанд расида омад. Ба туфайли калон будани майдони сӯхтор ба ҷойи сӯхтор боз 7 экипажи сӯхторхомӯшкунанда ҷалб гардид. Дар натиҷаи сӯхтор 650 метри мураббаъ қисми боми тунукагин ва равғанҳои анборхона, маводи сохтмон сӯхт. Ҳоло сабаби сар задани сӯхтор ва зарари моддии расондашуда аниқ карда мешавад. Т.АШӮРОВ,нозири профилактикаи Шӯъбаи вазъиятҳои фавқулоддаи шаҳри Самарқанд
.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ