Баъди кушта шудани як сиёҳпӯст дар Филаделфия амрикоиҳо 12 корманди пулисро равонаи бемористон карданд


Дар шаҳри Филаделфияи ИМА кормандони пулис як марди сиёҳпӯстро куштанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии “МИР 24” хабар медиҳад.
Баъди ин ҳодиса дар шаҳр бетартибиҳо оғоз шуд. Садҳо нафар сокини хашмгин ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо ҳар чизеро, ки ба дасташон меафтод, ба сӯи кормандони пулис меандохтанд. Намоишҳо оқибат ба задухӯрд миёни мардум ва пулис табдил ёфт. Дар ин задухӯрд 12 нафар корманди пулис захмӣ шуданд. Ҳамаи онҳо ҳоло дар бемористонанд.
Ҳокими шаҳри Филаделфия ба аҳли оилаи марди кушташуда изҳори ҳамдардӣ кард.
Ба гуфтаи Эрик Гринн, сержанти пулиси Филаделфия, марди сиёҳпӯст корд ба даст ба сӯи кормандони пулис меомад. Онҳо чандин бор талаб карданд, ки мард кордашро ба замин гузорад, вале, ӯ итоат накард ва ҳамчунон бо корд ба сӯи онҳо меомад. Баъди ин кормандони пулис ба сӯи ӯ чанд бор тир холӣ карданд.
Аҳли хонаводаи марҳум –Уолтер Уоллеси 27-сола таъкид мекунанд, ки ӯ бемории рӯҳӣ дошт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ