“Импорт” боиси баста шудани корхонаҳои бузурги шакари Ӯзбекистон шуд


Бекор шудани андозҳои аксиз ва гумрукӣ дар Ӯзбекистон боиси пур шудани бозорҳои маҳаллӣ бо шакари нисбатан арзони Русия шуд. Дар натиҷа, ду корхонаи бузурги Ӯзбекистон – “Ангрен шакар” ва “Хоразм шакар” маҷбур шуданд, ки фаъолияти худро қатъ кунанд. Ҳар ду ширкат қатъи фаъолияти худро расман эълон карданд.
Бино ба хабари Kun.uz, ҳамкорони хориҷӣ ин ду ширкатро дигар бо маводди хом таъмин намекунанд, зеро, ширкатҳо дар ҳоли варшикаста (банкрот) шудан ҳастанд. Ин ду корхона дар бозорҳои маҳаллӣ ба рақобати хориҷӣ бардошт карда наметавонанд. Бозорҳо бо шакари истеҳсоли Русия пур шудаанд.
Дар ширкатҳо “Ангрен шакар” ва “Хоразм шакар” 2 ҳазор нафарро бо ҷойи корӣ таъмин кардааст. Аммо, бар асоси хабари ӮзА, ҳоло 130 нафар аз кор барканор шуданд ва то соли охир қарор аст, ки тамоми коргарон аз кор барканор гарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ