Дарди диламро ба кӣ гӯям?

Амак, барои гуфтани дарди дилам ба идораатон – ба назди шумо омадам. Илтимос, ному фамилия ва аз куҷо буданамро напурсида, нависед. Чунки ман баринҳо бисёранд. То кай журнаслистҳо ҳақиқатро наменависанд? Ба сайтҳои интернетӣ медароеду мебинед, ки ҳама гапҳои хушку холӣ. Як хабарро аз кадом сарчашмае гирифта, ҳамашон такрор ё рӯйкӯчон мекунанд. Аз ин чӣ фоида? Навистани бошанд, чизеро нависанд, ки ба дарди халқ малҳам шавад. Агар онҳо ҳамин хел гапҳои одиву обшустаро навиштан гиранд, пагоҳ-­фардо дили мардум мемонад ва умуман хабару мақолаҳояшонро нахонда мемонанд. Ҳа, барои ҳамин ман ба назди шумо омадам, ки ҳақиқат, дарди дили мардумро нависед. Нисбат ба сайтҳои интернетӣ ба ҳар ҳол рӯзномаву журналҳо беҳтар аст.
Ҳамааш аз он сар шуд, ки модарам бемор шуданд. «Ман сулфа ё грипп шудагӣ» – гуфта, ба касалиашон эътибор надоданд. Ҳарчанд дору биёрем, намехӯрданд. Барои ба духтурхона бурдан ҳам розӣ нашуданд. Рӯзи панҷум маҷбур кардем, ки барои аниқ кардани бемориашон ақаллан анализи хун супурда, аз томография гузаронем. Боз розӣ нашуданд.
– Модарҷон, ман чил сол ба ҳамаи гапҳоятон гӯш кардам, акнун шумо ҳам як маротиба ба гапи ман гӯш кунед. Ба духтурхона равем, – гӯён таваллою зорӣ кардам. Ба ин гапи ман дигар додару хоҳаронам ҳамроҳ шуданд. Ниҳоят баъди пешин ҳамроҳи падарам ба маҳаллаи Хоҷа Аҳрори ноҳияи Самарқанд рафтем.
Дар дили мардум сирояти вируси ковид воҳима андохтаас. Барои ҳамин дар беморхонаи «Согда» навбатпойии одамон аз ҳад зиёд буд. Ҳама мехос­танд, ки аз ташхис гузаранд. Аз пагоҳии барвақт қариб 170 нафар, ки навбат гирифта будаанд, имрӯз навбати мо намерасид. Одамон аз аввали шаб ҳам омада, худро менависондаанд. Дар ин ҷо боз нав­бати «зинда» ҷорӣ будааст. Мардум гуфтанд, ки дар беморхонаи «Престиж» ҳам аз ин хел ташхис гузаштан мумкин аст. Ба он ҷо омадем. Дар ин ҷо навбат камтар бошад, ки нархи хизматашон аз ҳад баланд буд. Яке аз ин хусус ба ходим арзи норозигӣ баён кард. Вай дар ҷавоб гуфт, ки ин хел бошад, ба маркази назорати эпидемиологӣ равад, дар он ҷо таҳлил бепул аст ва натиҷаашро баъди се рӯз медиҳанд. Алабатта, дар ин хел вақтҳо одам дар бораи пул фикр намекунад. Саломати муҳим. Розӣ шудем. Баъд фаҳмем, навбат соати нуҳуними шаб мерасидааст. Модарам розӣ нашуданд. Аз забони навбатпоёни ин ҷо ҳар хел гапҳои таҳқиромез ва ҳатто «табобатро ҳам ба бизнес табдил додаанд» шунида мешуд… Қарор додем, ки ин корро ба пагоҳ вогузорем ва дар «Согда» амалӣ намоем.
Як духтур, ки ҳангоми маслиҳат ба модарам сӯзандору фармуда буд, он ҷо имкони гузаронидани сӯзандору нашуд. Ба пункти табобатии қишлоқи «Гулобод» омадем. Хайрият, ки хоҳари шафқат дар ҷойи кор будааст. Вай ба модарам сӯзандору гузаронд. Аз назди ӯ мебаромадем, ки мошини ёрии таъҷилӣ ҳам омад. Дар паҳлӯи табобатгоҳ шӯъбаи ёрии таъҷилӣ ташкил шудааст. Бо духтураш гапзанон кардем. Як ҷавонзани ғамхору меҳрубоне будааст. Дар вуҷуди модарам будани нишонаҳои бемории «ковид»-ро ба забон оварда, маслиҳатҳои муфид дод. Аз будани чунин табибон миннатдор гаштам.
Рӯзи дигар, ҳанӯз соат шаши пагоҳӣ нашуда, ба Маркази тиббии «Согда» омада, навбат гирифтам. Қарибиҳои расидани навбат ба хона телефон кардам, ки модарамро оранд. Падарам бо мошин модарамро оварданд.
Дар он ҷо хунашонро аз таҳлилу худашонро аз томография гузарониданд. Дар варақаи бақайд­гирии беморон «пардохта шуд» гӯён мӯҳр зада диҳанд, ки миқдори пул баён нагардида буд. Баъдтар натиҷаи томографияи компутериро дидам, ки дар поини саҳифа чунин эзоҳ дошт: «1.Агар ҳангоми бақайдгирӣ мариз шиносномаи худро пешниҳод накунад, натиҷаҳои ин таҳлил ба ҳаракати дахлдори ҳуқуқӣ истифода бурда намешавад, зеро маълумоти анкетавии таҳлилгузаранда аз рӯйи гуфтаҳои вай пур карда шудааст ва шахсияти ӯ тасдиқ нагардидааст. 2.Хулосаи таҳлил диагнози охирин нест ва таҳлили муқоисавии клиникӣ ва лабораториро талаб мекунад». Мо ҳарчанд бо паспорт рафта бошем, ки дар қабулхона ҳатто напурсиданд…
Натиҷаҳои таҳлилро пас аз ду соат дида, қариб девона шудам. Фоизи вируси баданашон аз ҳад зиёд буд. Ҳозир ба воситаи телефон як хабар барқосо ба чор тараф паҳн мешавад. Додару хоҳаронам ҳар хел маслиҳатҳо медоданд. Ман медонистам, ки дар ин хел мавридҳо танҳо дар маркази «ковид» қабул ва табобат мекунанд, ба шӯъбаи ёрии таъҷилии ноҳия рафтем. Дар он ҷо «ин вазифаи мо не» гуфтанд. Ба як духтур ба гапҳои пасту баланд задан рост омад. Дилам аз ин хел духтурҳо монд. Чӣ кор карданро намедонистем. Бо ёрдамчии сардухтури шӯъба гапзанон кардем. Як ҷавони аҳли фаҳм будааст. Вай фаҳмонд, ки ҳозир ин вазифа ба зиммаи дигарон, яъне, бригадаи махсуси хизматрасонии ёрии таъҷилӣ вобаста карда шудааст ва барои ин бошад, тасдиқи тести ковид лозим аст. Бо вуҷуди он, ба он бригада телефон кард. Онҳо омаданд. Вазъиятро фаҳмондем, зориву тавалло кардем.
Духтураш як ҷавон будааст. Розӣ шуд, ки моро барад. Ман ҳам зӯран ба мошини ёрии таъҷилӣ нишастам, ки ҳамроҳ меравам. Духтур аввал нахоҳад, ки баъд розӣ шуд. Телефони ман дам намегирифт. Додарам мегуфт, ки нағз хӯранду худашонро дар гармӣ нигоҳ доранд, ҳамааш гузашта меравад. Хоҳари калониам мегуфт, ки духтур меёбанду дар хонаи вай табобат мекунем. Яктои дигараш мегирист, ки ҳаргиз ба он ҷо набарем, он ҷо нағз не. Духтурҳо дуруст нигоҳубин намекунанд. Хоҳари хурдиам илтиҷо мекард, ки модарамро дар ягон беморхонаи хусусӣ хобонем. Аз чор тараф беасос ба ман «ҳуҷум» мекарданд. Чӣ кор карданамро надонис­та, асабиёна як даста пулро ба назди духтур ронанда партофта, модарамро оғӯшкунон овоз бароварда, гиря карда фиристодам. Оби чашмонам шашқатор мерехту ба девона шуданам саҳл монда буд. Охир модарҷонам моро бо чӣ азобу машаққат, бе ёрии модаркалонҳову бобоҳо, дар мусофират калон кардаанд, худ нахӯрдаву напӯшида, ғами моро хӯранд. Ҳатто худи маро, бачаи як-­якунимсола бошам, ки ба масофаи якуним-­ду километр пиёда бардошта. ба ҷойи кор бурда, дар ҳамон ҷо ба нигоҳубини зане дода, худ гушнаву ташна 5–6 соат ба хонандагони мактаб дарс дода, боз ба ҳамин қадар роҳ маро бардошта меомадаанд. Дар давоми 40 соли муаллимӣ, ки ин кори осон нест, ба ҳар хел касалиҳо гирифтор шудаанд. Дарди гурдаву ҷигарашон азият медиҳад. Боз фишори хунашон доимо баланд. Ҳатто ҳеҷ илоҷи паст кардан нест. Ҳамин хеланд модари ҷони ман. Дар ин хел рӯзҳо чаро мо хоки пояшро тӯтиё накунем. Шояд ҳазорҳо хизмати мо ба яклаҳзаина ғаму ташвиш ё шабзиндадории модарҷонам баробар шуда натвонад…
Модарам аҳволи он табобатгоҳро диданду ба як по истода гуфтанд:
– Мурам, ки ман дар ин ҷо намемонам!
Охир гапи модарро ду карда мешавад?! Аз ҳамон ҷо таксӣ доштам. Ман то ҳол бо мошини падарам мегаштам. Мошини маро як «Зил» зада, қаноти пешашро пачақ кард. Ҳоло он дар таъмир буд. Ронандаи таксӣ як одами намешудагӣ будааст. Ба нархи баланди гуфтааш розӣ шуда бошам, ки раҳораҳ инҷиқӣ карда, асабамро мехӯрд. Шунида будам, ки ин хел беморонро дар беморхонаҳои инфексионӣ низ қабул мекунанд, рост ба бемористони сироятии ноҳияамон омадем. Дар ин ҷо ҳамчун песу махавҳо аз мо ҳазар карда, ҳатто наздик омадан нахостанд. Худоё, инҳо кистанд? Боз духтуру хоҳарони инфексионистанд? Президенти мӯҳтарамон триллионҳо сӯм маблағ ҷудо кардаанд, ки пеши ин хел бемориҳо гирифта шавад. Инҳо бошанд… Дилам монд. Ба падарам телефон кардам. Падарам бо мошин омаданд.
Ба чанд табобатгоҳҳои хусусӣ муроҷиат кардем. Ҳеҷ кадоме ба қабули модарам розӣ намешуданд. Хоҳараки хурдиам як беморхонаи дигарро ёфтааст. Аз якбора ба он ҷо рафтан тарсидем, ки равему қабул накунанд, чӣ кор мекунем? Оиди ин масъала боз ба хоҳарам занг задам. Пас аз чанде хабар дод, ки барем, қабул мекунад.
Ба паси рули мошини падарам худам нишастам. Аз маҳаллаи Қӯшмасҷид ба он кунҷаки шаҳр рафтан лозим буд. Ончунон қоидаҳои роҳро вайрон кардаву ба талаботи чароғакҳо эътибор надода мошин рондаам, ки падарам чанд маротиба ҷанг карданд. Ман ҳамоно аз донистаи худ намемондам. Ниҳоят ба бемористони хусусӣ расидем. Духтур як ҷавони нотарсу ҷасуре будааст. Қабул кард. Барои он ки қуввати дили модарам шаванд, падарам ҳам розӣ шуданд, ки дар бемористон монда, табобат гиранд.
Духтур номгӯйи доруҳоро навишта дод. Дар кадом дорухона буданашро ҳам гуфт. Ба дорухона рафтам. Қариб якуним миллион сӯмина дору харидам. Боз пулам нарасид. Хоҳарчаам хост ба воситаи телефон пул гузаронад, аммо нашуд. Мудири дорухона ба қарз дору надод. Маҷбур як қисми доруҳоро рӯзи дигар гирифтани шуда, бо ҳамон доруҳои зарурӣ ба бемористон омадам. Зуд ба табобати модарҷонам сар карданду ман оҳи сабуке кашидам.
Дар ин ҷо дидам, ки духтуру ходимони тиббӣ дар бораи сирояти беморӣ умуман парвое надоранд. Ҳатто баъзеҳо бедастпӯшаку ниқобҳои тиббӣ мегаштанд. Сабаб пурсидам, яке гуфт:
– Ҳамаи мо ин касалиро аз сар гузаронидем. Барои ҳамин наметарсем.
Бо ду ҷавон шинос шудам. Онҳо падарашонро оварда будаанду дукаса нигоҳубин мекардаанд. Падарашон бемории қанд низ доштаанд. Онҳо шукрона гуфтанд, ки аҳволи падарашон каме беҳ шуда, ба иштиҳо даромадаанд.
Ҳангоми сӯҳбат бо модарам як ҳамшира гуфтааст:
– Дар байни се рӯз ду амакамро бой додем. Онҳо касалии қанд доштанду дар маркази ковид аз олам гузаштанд. Падарам ҳам касал шуданд. Ба ҳамон беморхона бурдем. Нахостанд, ки дар он ҷо монанд. Гашта ба хона овардем. Бо ёрии духтур дар хона табобат кардем. Ба Худо шукр, ки ҳоло сиҳат шуданд. Ба қарибӣ боз аз томография гузаштанд. Асорати беморӣ дида нашуд.
Аз рӯйи гуфти падару модарам дар он ҷо, ба ғайр аз доруву дармоне, ки фармуда мешавад, боз ҳар рӯз бетанаффус 8–10 хел муолиҷаҳои табобатӣ гузаронида мешудааст. Хӯрокаш нағз. Ҳар рӯз 3–4 маҳал ҳар хел нӯшобаҳои гиёҳӣ медодаанд.
Аз байн се рӯз нагузашта, ҳарорати бадани модарам 36,2 дараҷаро ташкил кард. Фишори хунашон ҳам нисбати пештара паст шуд. Хатари бемориашон паси сар гардид. Модарҷонамро ба хона овардем. Табобат давом дорад.
Ҳа, амак, ман мехоҳам, ки духтурон дасти дармондагонро гиранд, ҳамаи корҳо аз рӯйи тартибу одоб бошад, мардумро асабониву сарсон накунанд… Боз як чиз: падару модарон ҳамеша сиҳату саломат болои сари фарзандон бошанд, одам худро хушбахту бадавлат ҳис мекунад…

Таснифи
Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ