Ҳамкории олимони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон густариш меёбад

Солҳои охир бо тақозои давр, хусусан пешравии илму технология, дар соҳаи таълиму тадрис низ дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Ҳамаи ин тараққиёти ҷамъият аз мутахассисони варзидаи соҳаи таълим низ талаб мекунад, ки дар мураттабсозии нақшаҳои таълимӣ, дастурҳои тадрисӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастуруламалҳои услубию методӣ таҷдиди назар намоянд.
Ба туфайли ҳамраъйӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи илмиву техникии байни кишварҳои ҳамсояву муштаракулманофеъ – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, хусусан ташаббусҳои неки Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати вусъат додани дӯс­тиву ҳамкориҳо ва боз гардидани сарҳадҳои байни ҷумҳуриҳо имрӯз муяссар гардидааст, ки дар соҳаи мазкур низ комёбиҳои назаррас ба даст ояд.
Маълум, ки дар назди олимону мутахассисони соҳаи таълими олӣ бо китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ таъмин намудани донишҷӯён ва ҷараёни хониш ба масъалаи ҳалталаб табдил ёфтааст.
Мисли дигар фанҳои дақиқ, дар сохтори ҷузъҳои асосии физикаи умумӣ низ барои баргузории тадрис тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Бо дарназардошти ҳамин ҷиҳатҳои соҳа омодасозии китобҳои дарсӣ дар пешрафти таълиму тадрис хеле муҳим мебошад. Аз ин рӯ, устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд – доктори илмҳои физикаву математика, профессори кафедраи оптика Абдувоҳид Ҷумъабоев ва номзади илмҳои физикаву математика Ғуломҷон Муродов бо ҳамкории олимону устодони кафедраи оптика ва спектроскопияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) – номзадони илмҳои физикаву математика, дотсентон Зафар Исломов ва Малоҳат Файзиева иқдоми некро пеш гирифта, китоби дарсии «Оптика»-ро нашр намуданд, ки дар он саҳми устоди зиндаёд, доктори илмҳои физикаву математика, профессори кафедраи мазкури ДМТ Нурулло Муллоев низ хеле калон аст. Китоби дарсӣ қисми оптикаи фанни физикаи умумиро дар бар гирифта, асосан барои донишҷӯён ва магистрантҳои ихтисоси астрономия ва техника пешниҳод гардида, мутобиқ бо дастурҳои намунавии таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дастури таълимӣ аз фанни физика ва астрономия таҳия карда шудааст.
Китоби дарсӣ бо қарори Шӯроҳои илмии ДДС ва ДМТ интишор ёфта, аз 17 боб ва луғати тафсирӣ (глоссарийи) фанни оптика иборат мебошад. Дар пешгуфтори он муаллифон чунин қайд намудаанд: «Китоби мазкур дар асоси барномаи намунавии курси физикаи умумӣ ва стандарти давлатии таҳсилоти олӣ барои тайёр намудани мутахассисони баланд­ихтисоси соҳаи физика таҳия шудааст.
Дар он оиди тамоми паҳлӯҳои фанни оптика маълумоти зарурӣ дарҷ гардида, метавонад барои гирифтани маълумот, такмили дониши зарурии донишҷӯёни мактабҳои олии ҳар ду ҷумҳурӣ саҳмгузор бошад».
Дар китоб бобҳо ва мавзӯъҳо пайи­ҳам оварда шуда, имкон медиҳанд, ки донишҷӯ савияи дониши худро оид ба ҳодиса ва қонунҳои оптикӣ тадриҷан инкишоф диҳад. Чунончи, дар аввал маълумоти зарурӣ дар хусуси мавҷҳо дода шуда, баъдан оид ба ҳодисаҳои интерференсия ва дифраксияи рӯшноӣ маълумот дода шудааст ва ҳоказо. Маълумот дар бораи нурафкании лазерӣ ва ҳодисаҳои ғайрихаттӣ дар охир ҳамчун маводи ҷамъбастии ҳодисаҳои оптикӣ оварда шудааст. Бояд таъкид намуд, ки дар тайёр кардани матн оиди мавзӯъҳои голография, оптикаи ғайрихаттӣ, пош­хӯрди комбинатсионии рӯшноӣ ва глоссария саҳми устодони ДДС назаррас мебошад.
Ин иқдоми нахустини олимону мутахассисони соҳа нишондиҳандаи он аст, ки вусъат додани чунин ҳамкориҳои муфид ба пешрафти илму фан мусоидат менамояд.

Абдуваҳоб ВОҲИДОВ, мудири кафедраи Забонҳои Шарқи ДДС,
Фозилҷон ШУКУРОВ, омӯзгор.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ