Сайёҳии ҷаҳон дар 8 моҳ $730 миллиард зарар дид


Ба далели пандемияи коронавирус сайёҳӣ дар ҷаҳон хеле кам шуд ва дар 8 моҳи соли ҷорӣ ин соҳа дар ҷаҳон 730 миллиард доллар зарар дид. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, маҳдудиятҳои мавҷуда ҳанӯз ба сайёҳии ҷаҳонӣ зараррасониро идома медиҳад. Дар 8 моҳи сол шумори сайёҳон дар ҷаҳон 70 дарсад коҳиш ёфтааст.
Зарари имсола дар муқоиса бо зарари соли 2009, ки буҳрони иқтисодӣ ҷаҳонро фаро гирифта буд, 8 баробар бештар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ