Имрӯз шоир, муҳаққиқ, омӯзгори ботаҷриба Норхоҷа Чоризода (Хоҷа) зодрӯз дорад

Норхоҷа Чоризода — мутахаллис ба «Хоҷа» дар 28 октябри соли 1972 дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё дида ба ҷаҳон кушод. Вай баъди хатми мактаби деҳа дар факултети филология тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар аспирантураи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд идомаи таҳсил намудааст. Чанд муддат ба ҳайси омӯзгори Донишкадаи тиббии шаҳри Самарқанд фаъолият карда, ҳоло пажӯҳишгари Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд мебошад.
Хоҷа аз солҳои донишҷӯӣ машқи шеър намуда, асарҳояш дар саҳифаҳои матбуот чоп шудаанд. Нахустин маҷмӯаи ашъораш бо унвони «Паёме аз жарфои сукут» соли 1997 аз нашр баромадааст. Дар шеърҳои Хоҷа афкори фалсафӣ бо нақшҳои ҳаётӣ омезиш ёфтаанд.

АНГЕЗАЕ БАРОИ ХУД
Ҳар нафас дар роҳи ҳақ бо дидаи бедор бош!
Бо тамоми лаҳзаи эҳсоси худ ҳушёр бош!

Дар раҳи ҳақ он қадарҳо домҳо густурдаанд,
Мурғи ҳақ шав, дар кушуду тадбири асрор бош!

Ин ҷаҳон майдони нерӯи набарди зидҳост:
Назди гулҳо гул бибошу пеши хоро хор бош!

Даври гардун ҳар киро бигзорад андар ҷои худ,
Нуқтаи гардандае дар гардиши паргор бош!

Ё Баҳоуддин Балогардон!
Мадад бинмову гӯй:
Дил ба Ишқи Ёр дору дасти худ дар кор бош!

Ҳуши худ дар дам бибошу бар қадам бинмо назар,
Сайр бинмо дар Ватан, дар хилвати аҳрор бош!

Ойина бар каф бигиру худ шиносу ҳақ шинос,
Рӯ ба рӯ бо Ёри худ дар олами анвор бош!…

БО АҶАЛ ДАСТУ ГИРЕБОН!
Хонаи дилро будӣ хуршеди тобон модарам,
Нуре будӣ аз нури меҳри дурахшон модарам!

Ҷони фарзандону худро то кашӣ аз коми марг,
Будӣ умре бо аҷал дасту гиребон модарам!

Эй мабодо одамиро ҳаргиз аз модар ҷудо,
Рафтаам то бар сари хоки ту гирён модарам!

Гар зи чашми худ гиристанд одамон борони ашк,
Ман даруни дил гиристам ашку тӯфон модарам!

Зодӣ ту аз раҳми олам раҳми олам дар ту буд,
Рози пинҳон будиву гардидӣ пинҳон модарам!…

ЗИСТ УМРЕ ГУЛХАНӢ ДАР ГУЛХАНИ СӮЗОНИ ИШҚ
Зист умре Гулханӣ дар гулхани сӯзони меҳр,
чун самандар зист ӯ дар гулхани сӯзони ишқ!
Ҳамчу қақнус зист дар хокистари сӯзони ашк,
зинда гардад рӯзе аз хокистари сӯзони шеър!…

БАШОРАТЕ АЗ РӮИ САМБУЛИ СИТОРАҲО!…

Ман чун мунаҷҷим рӯ ба самбули ситораҳо
асрори саъд аз осмони шаб биҷустаам,
то ки: башорате диҳам бар мардум аз наҷот,
бар мардуме, ки зиндаанд зери Коинот
маҳбусҳо дар вартаи зиндони дарду ғам!…

Рӯзе нишоти аҳли дил хоҳад фаро расид
в-он рӯзи интизор
дар дилу дидагони он зиндониёни шаб
чун рӯшании партави хуршеди субҳгоҳ
хоҳад ҳаме дамид!

Имрӯз мардуме
обистан аз худ аст,
обистан аз лаззоту нафсу шаҳвати худ аст,
аз бод пур шикам,
сарҳо пур аз дуд аст!

В-ин мардумони ҷоҳҷӯ побанди нафси худ
дар банди ғафлат аст
в-аз аҳли ғофил аст!
Эҳсос дар дил аз ғами бечора нест, нест,
худхоҳу ҷоҳил аст!

Эҳсоси рӯҳи мо
бар ростӣ пеши Худо савганд мехӯрад!
Эҳсоси ҷони мо
бар рӯҳи ҳар ситорае пайванд мехӯрад!…

Рӯзе қирони саъди Маҳу Меҳру Муштарӣ
ҳоҳад фаро расид,
то аҳли дардро
аз он қирони саъд паёми наҷоти бахт
чун субҳи хандарез
дар дилу дидагони яъси маҳбусони шаб
хоҳад ҳаме дамид!…

Эй субҳзодагон!
Эй покзодагон!
Эй аҳли илму фазл!
Эй аҳли ҳолу ваҳдату забон!
Дар маркази Замин,
дар нуқтаи замон
бар рағми аҳли нафс,
бар рағми аҳли ҷоҳ,
бар рағми душманон
бояд шуд Иттиҳод!
Бояд шуд Иттиҳод!…

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ