“Динамо” натавонист “Шӯртан”-ро мағлуб кунад


Имрӯз, 28 октябр дар варзишгоҳи “Динамо”-и Самарқанд ҷамоаҳои “Динамо”-и Самарқанд ва “Шӯртан”-и Муборак дар чорчӯби ҳафтаи чордаҳуми Про-лига рӯбарӯ шуданд.
Бозие, ки зери доварии Ҳусан Музаффаров барпо шуд, бо натиҷиаи 0-0 ба поён расид.
Ин паиҳам дувумин бозии “Динамо” аст, ки бо ҳисоби дуранг анҷом ёфт. Дар бозии қаблӣ бо “Турон” дар Фарғона ҳисоби 1-1 сабт шуда буд.
Ҳоло “Динамо” 22 хол дорад. Ҷамоа дар паллаи чоруми Про-лига қарор дорад. “Шӯртан” бо 26 хол дар паллаи дувум ҷойгир аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ