Дар дорухонаҳо, ба ҷои 20 фоиз то 93 фоиз болоӣ аниқ гардид


Имрӯз дар бинои АОКА аз рӯи масъалаи боло рафтани нархҳои воситаҳои доруву дармон дар давраи пандемия, бо иштироки роҳбари хизмати Ахбори агентии ҳимояи ҳуқуқи Истеъмолчиён Моҳрухсор Тоғаева брифинг баргузор гардид.
Бино ба маълумоти ӯ, аз санаи 23 -юми июл то 9 -уми октябр дар 3 ҳазор дорухона назорати мониторӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи омӯзиш ва назорат дар фаъолияти 140 -то дорухона маълум шуд, ки дар 30 -тои он нархи болоӣ ба ҷои 20 фоиз 93 фоиз афзудааст. Дар 17 ҳолат муддати истеъмоли доруворӣ гузаштааст, 18 -то ҳолати дигар фаъолияти белитсензия, аз рӯйхат нагузаштааст, тақсими воситаҳои дорувории дар ҳуҷҷат вуҷуд надошта ва ғ. аниқ карда шудааст.
Доир ба 28 ҳолати дорухона пурсуков бурда истодаанд, ба истеъмолчиён 2 миллиону 800 ҳазор сӯм маблағи зиёдатиро баргардониданд ва барои вайрон кардани шартҳои литсензия ҳуҷҷатҳоро ба ташкилотҳои мутасаддӣ фиристода шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ