Парвозҳо дар миёни Тошканд-Душанбе имсол оғоз намешавад


Чанд вақт аст, ки масъалаи роҳандозии дубораи парвозҳо дар миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳалли худро намеёбад. Дар аввал эълон шуд, ки 1 ноябр парвозҳо оғоз мешаванд. Дере нагузашта муддати оғози парвозҳоро ба як моҳ “кӯчонданд”. Аммо, ҳоло масъалаи оғози парвозҳо аз 1 январи соли 2021 баррасӣ мешавад.
Дар ин бора “Азия-Плюс” ба нақл аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки вазъияти душвори эпидемиологӣ барои сари қароре омадан дар ин замина ҳанӯз имкон намедиҳад.
Ҳоло Тоҷикистон барои роҳандозии парвозҳо аз Душанбе ба Тошканд иҷозат гирифтааст, вале замони парвози нахуст ва ҷадвали парвозҳо маълум нест.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ