Аз пайи намойишҳо дар Филаделфияи ИМА бетартибиҳо оғоз шуданд


Чи тавре, ки хабар дода будем, дар натиҷаи кушта шудани як сиёҳпӯсти навбатӣ дар ИМА – дар шаҳри Филаделфияи Пенсилвания рӯзи душанбе дар миёни сокинони маҳаллӣ ва кормандони пулис задухӯрде рух дод.
Шоми сешанбе садҳо нафар сокинони Филаделфия боз дар кӯчаҳо роҳпаймоӣ карданд. Онҳо дар роҳ шиор мегуфтанд ва ба пулис таҳдид мекарданд. Роҳпаймоии эътирозгарон якбора ба дуздӣ ва ғорати мағозаҳо табдил ёфт. Онҳо талаби итоати ҳукуматро рад карданд. Дар натиҷа беш аз 90 нафар боздошт шуданд. Дар задухӯрдҳо ин бор тақрибан 30 нафар корманди пулис захм бардоштанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ