Дар Олмон карантини қатъӣ ҷорӣ мегардад


Ҳукумати Олмон ба далели зиёд шудани ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус аз 2 ноябр карантини қатъиро ҷорӣ мекунад. Аз ин рӯз дар кишвар театр, толорҳои консертӣ, кинотеатр, толорҳои варзишӣ ва зебоӣ, ресторану кафеҳо, марказҳои массаж баста мешаванд.
Бино ба хабари Berliner Morgenpost, Ангела Меркел, канслери Олмон бо роҳбарони 16 минтақаи федералӣ видеоконфронсеро баргузор кард, ки дар он ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав то охири моҳи ноябр баррасӣ шуд.
Мактабу кӯдакистонҳо фаъолияти худро идома медиҳанд, аммо дар ин муассисаҳо қоидаҳои иловагӣ ҷорӣ мегарданд.
Ҳамчунин, дар ин муддат бозиҳои футбол бе ҳузури ҳаводорон баргузор мешавад.
Рӯзи гузашта дар Олмон тақрибан 15 ҳазор ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ