Дар Навоӣ кӯдаки дусола қурбони ҳодисаи ҳаракати роҳ гардид

Дирӯз дар ноҳияи Конимехи вилояти Навоӣ дар натиҷаи ҳодисаи ҳаракати нақлиёту роҳ бо иштироки автомошини «Matiz» кӯдаки дусола вафот кард. Дар ин бора Шӯъбаи бехавфии ҳаракати роҳи Садорати корҳои дохилӣ хабар дод. Маълум шуд, ки вақти ҳаракати «Matiz» дар самти Навоӣ — Зарафшон — Учқудуқ (роҳи А-379) шинааш кафида, аз роҳ баромада рафтааст. Кӯдакро, ки дар солуни мошин буд, ба беморхона бурдаанд. Аммо вай ба худ наомада вафот кард. Аз рӯйи ҳолати мазкур аз ҷониби Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Конимех бо қисми 2-и моддаи 266 кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ