Арманистон: Озарбойҷон қитъаҳое аз ҷабҳаи Қаробоғро дар назорати террористон гузоштааст


Арсрун Ованнисян, вазири мудофиаи Арманистон имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфт, ки Озаробойҷон назорати чанд қитъаи ҷабҳаи (фронт) Кӯҳистони Қаробоғро комилан ба гурӯҳҳои террористӣ додааст.
Ованнисян аз кишварҳои минтақа дархост кард, ки ба ин ҳолат эътибор диҳанд ва огаҳ кард, ки Озарбойҷон барои чунин амал ҷавоб медиҳад ва гурӯҳҳои террористӣ саркӯб мешаванд.
Чанде пеш Анна Нагдалян, котиби матбуотии вазорати корҳои хориҷии Арманистон гуфта буд, ки ҷангҷӯёнро Туркия ба ҷабҳаи Қаробоғ мефиристад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ