Фаронса низ ба режими карантин бармегардад


Дар Фаронса аз рӯзи 30 октябр карантини умумӣ ҷорӣ мешавад. Дар ин бора Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар муроҷиати телевизионии худ эълон кард.
Бино ба хабари “МИР 24”, мақсад аз карантин, кам кардани шумори мубталоёни коронавирус мебошад. Фаронсавиён ҳадди ақал то 1 декабр дар режими карантин зиндагӣ мекунанд.
Бар асоси қоидаҳои нав, сайругашти мардуми кишвар бояд дар фосилаи то 1 километр аз хонаи худ бошад. Ҳамчунин, муҳлати дар кӯча будан то 1 соат аст. Барои рафтан ба мағоза ва бемористон иҷозат ҳаст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ