Ардуғон: Ба кирдори нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Эрон дар Сурия ҷавоб медиҳем


Раҷаб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия дар нишасти фраксияи ҳизби худаш гуфт, ки Анқара метавонад амалиёти навро дар замини Сурия оғоз кунад.
Имрӯз дар вилояти Идлиб назоратгоҳҳои нерӯҳои мусаллаҳи Туркия ҷойгир шудаанд.
Ардуғон гуфт, “Артиллерияи мо ба кирдори сарбозони рус ва эронӣ ва Башор Асад посухи худро медиҳад, чунки ҳамаи онҳо ба минтақаи озодшуда аз террористон ҳамла мекунанд”.
Ёдовар мешавем, ки дар оғози ҳафта нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Сурия ба мавқеъи ҷангҷӯён дар Идлиб ҳамлаи ҳавоиро анҷом доданд. Дар натиҷа беш аз 50 нафари онҳо кушта шуданд. Бояд гуфт, ки Туркия ҳомии ин ҷангҷӯён аст.
Маскав ин ба ин хабар тавзеҳ надод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ