Минбари халқ

Экстремизм ва терроризм – садди роҳи тараққиёти инсоният

Дар маҷлисгоҳи хурди бинои маъмурии Вокзали роҳи оҳани шаҳри Самарқанд дар мавзӯи «Экстремизм ва терроризми динӣ – таъқиқкунандаи тараққиёти инсоният» тадбири профилактикӣ баргузор гардид. Ташкилотчии тадбир Садорати вилоятии хизмати бехавфии давлатии Ӯзбекистон буд. Дар он беш аз 30 нафар вакилон аз Садорати номгирифта, шӯъбаи самарқандии идораи мусулмонони Ӯзбекистон, роҳба¬рони стансияҳои шӯъбаи роҳи оҳани самарқандии Ҷамъияти саҳҳомии узели минтақаи бухороии роҳи оҳани Ӯзбекистон ва ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд.
Нахуст вакилони Садорати хизмати бехавфии давлатии ви¬лоят Р.Юнусов ва Б.Восиев ба ҳозирон оиди масъалаи муҳим будани мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ, огоҳ будан аз макру фиреби ақидапарастон, дар ҷойҳои зисту кори аҳолӣ бо иштироки имом – хатибҳо гузаронидани тадбирҳо, ба мар¬дум фаҳмонидани мақсади нопоки ақидапарастон, кушандаи тараққиёти ҷамъияти инсонӣ будани экстремизм ва терроризми динӣ ва ғайра ҳарф заданд. Ба ҳозирон филми ҳуҷҷатии «Надо¬мат» намоиш карда шуд, ки аз қисмати талхи бародарони ба сафи ҷангараҳои давлати Сурия ҳамроҳшуда ва барои ин амалашон дар кишвари худ ҷазои судӣ гирифта ҳикоя мекунад. Вакили идораи мусулмонон ба ҳозирон оиди нодуруст талқин намудани дини мубораки ислом аз ҷониби ақидапарастон, аҳкоми дини мубораки ислом, хусусиятҳои инсондӯстонаи мазҳаби Ҳанафӣ, истилоҳҳои «ҷиҳод», «ҳиҷрат» ва ғайра маълумот дод.
Дар поёни тадбир масъулон ба саволҳои иштирокдорон ҷавоб доданд.

Ҷ. Обидов

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ