Ҳукумати Италия 10 дарсади маҳбусонро аз зиндон ба ҳабси хонагӣ мефиристад


Ҳукумати Италия ба далели пандемияи коронавирус тақрибан 5 ҳазор зиндониро ба ҳабси хонагӣ мефиристад. Ҳамагӣ дар Италия 54 815 нафар ҳоло муддати ҳабсро дар зиндонҳо паси сар мекунанд.
Бино ба хабари рӯзномаи “Коррере делла сера”, дар 41-то зиндони Италия коронавирус паҳн шуд. Тақрибан 150 нафар маҳбус ва 200 нафар кормандони зиндон мубталои вирус гардидаанд.
Ҳоло 3 ҳазор нафар маҳбус бо дастбандҳои махсус ба хонаи худ бармегарданд. Дастбандҳои махсус имкони назорати ҳаракати онҳоро медиҳад. Боз 2 ҳазор маҳбуси дигар дар амал қисман озоданд. Онҳо пеш аз пандемия низ метавонистанд рӯзона барои кор, ё таҳсил аз зиндон берун раванд. Вале, бар асоси қоида шабона ҳама боз ба зиндон бармегаштанд.
Онҳое, ки бо гуноҳҳои террористӣ, фасод, хушунат ва таҷовуз, ва иштирок дар гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳабс шудаанд, дар зиндон мемонанд.
Чанде пеш мухолифони ҳукумати Италия Алфонсо Бонафеде, вазири адлияро танқид карданд, ки вазорати ӯ дар даври пандемия тақрибан 400 нафар роҳбари мафияро “ба далели хатари сирояти коронавирус” аз зиндон ба ҳабси хонагӣ фиристод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ