Ӯзбекистон аз сафи 9 мамлакати бехавфи дунё ҷой гирифт

Бино ба индекси қонун ва тартиби умумиҷаҳонӣ, Ӯзбекистон дар дунё аз рӯйи дараҷаи бехавфӣ аз сафи 9 мамлакати пешсаф ҷой гирифт, гӯён хабар дод Иттилооти ахбори «Дунё». Таҳлили мазкур аз ҷониби Донишкадаи бонуфузи амрикоии омӯзиши фикри ҷамоатчигии Gallups амалӣ гардидааст. Бино бар он, аз рӯйи бехавфӣ дар сафи нӯҳ мамлакати аввал ба ғайр аз Ӯзбекистон боз мамлакатҳои Сингапур, Туркманистон, Хитой, Исландия, Қувайт, Норвегия, Австрия ва Шветсия ҳастанд. Дар рейтинг ҷойи пасттаринро давлати Афғонистон банд мекунад. Ин давлат ҳамагӣ 43 балл ҷамъ кардааст. Натиҷаҳои балл дар асоси пурсишномаҳои дар байни аҳолии мамлакатҳои гуногун гузарондашуда ҷамъбаст шудааст. Ба рӯйхати саволҳои додашуда боварӣ ба политсия, шабона дар кӯчаҳо бехавф гаштан ва дигарҳо дароварда шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ