Ба ноҳияи Каттақӯрғон ҳокими нав таъин гардид

Худойбердиев Қиличбек Раҳмонович иҷрокунандаи вазифаи ҳокими ноҳияи Каттақӯрғон таъин карда шуд.

«Мувофиуи фармоиши ҳокими вилояти Самарқанд аз 29-уми октябри соли 2020, таҳти рақами Фк-153, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими ноҳия ба ӯҳдаи ҷонишини ҳокими ноҳияи Каттақӯрғон оид ба масъалаҳои молия-иқтисодиёт ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ Худайбердиев Қиличбек Раҳмонович вогузошта шавад», — гуфта мешавад дар хабари Хизмати матбуоти ҳокимияти ноҳия.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ