Минбари халқ

Марҳабо, ба маҳфили адаб!

Рӯзи 21-уми июни соли ҷорӣ соати 9:00 дар факултети таълими томактабии Донишгоҳи давлатии Самарқанд тақдимоти китоби тозанашри “Айнишиносӣ дар Самарқанд”, ки бо ташаббуси таҳририяти рӯзномаи “Овози Самарқанд” чоп шудааст ва тадбири мукофотонидани ғолибони озмуни “Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт” баргузор мегардад.
Дар тадбир иштироки шоиру нависандагон, олимони адабиётшинос, профессор-устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, хонандагони мактабҳои ҳамагонӣ ва намояндагони ҷамоатӣ дар назар аст.
Суроғаи мо: шаҳри Самарқанд, кӯчаи Спитамен, хонаи 21

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ