Олимон дар бораи паҳншавии навъи дигари коронавирус дар Аврупо хабар доданд


Дар оғози тобистони соли ҷорӣ дар Аврупо, эҳтимолан дар Испания навъи нави коронавирус пайдо шуд ва то ба имрӯз дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ паҳн гардид. Ин маълумот дар мақолаи гурӯҳи олимони байналмилалӣ омадааст, ки дар сайти medrxiv чоп шуд.
Гуфта мешавад, ки штамми нави коронавирус дар моҳи июн дар Испания пайдо шуд ва аз моҳи июл то ба имрӯз дар беш аз 40 дарсад ҳолати сироят ҳамин навъи коронавирус мушоҳида мешавад. Ба он номи 20A. EU1 доданд.
Дар Швейсария, Ирландия ва Британияи Кабир низ дар 40-70 ҳолат ба одамон ҳамин навъ сироят мекунад. Дар Норвегия, Латвия, Ҳолланд ва Фаронса низ ин штамм паҳн шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ