Дар Самарқанд мулоқоти сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид

Рӯзи 30-юми октябр дар Самарқанд ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар кори Кумитаи сардорони ситодҳо ҳайатҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон, Беларуссия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.
Сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия генерал Валерий Герасимов ҷамъомадро оғоз намуда гуфт, ки мулоқоти рӯ ба рӯ тасдиқи сатҳи баланди муносибатҳо, эътимод ва ҳамсоягии нек мебошад.
Сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон генерал-майор Павел Эргашев дар сухани муқаддимавии худ қайд кард, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар Иттиҳод амнияти минтақавӣ, инчунин кӯшишҳои муштараки вазоратҳои мудофиаи ИДМ бар зидди терроризм мебошанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷонибаи байни сохторҳои низомии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи мудофиа ва амният баррасӣ шуд. Сардорони ситодҳо таҳдидҳо ва хатарҳои кунунии амнияти низомии кишварҳоро баррасӣ карданд ва оид ба масъалаҳои марбут ба тағироти шадиди вазъи сиёсии марзҳои Иттиҳод мубодилаи афкор карданд. Муҳокима инчунин вазъи душвори баъзе минтақаҳои ИДМ-ро нишон дод.
Роҳбарони ҳайатҳо нақшаи амалиёти муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ барои соли 2021-ро бо мақсади рушди пайвастаи ҳамкориҳои низомии кишварҳои ИДМ тасдиқ карданд.
Сардорони штабҳои генералӣ натиҷаҳои ҳамкориҳои ҳарбиро ҳангоми омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баррасӣ намуда, нақшаҳои ояндаи рушди минбаъдаи корҳои муштараки ҳарбию таърихиро муайян карданд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ ҳайатҳо бо ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Самарқанд шинос шуданд. Дар майдони хотираи Самарқанд ба пояи муҷассамаи Модари мотамсаро гул гузошта шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ