Сатҳи сифати таълим дар ноҳияи Нуробод чӣ хел?

Ба қарибӣ Нозироти давлатии назорати сифати таълими Ҷумҳурияти Ӯзбекистон натиҷаҳои рейтинги миллиро роҷеъ ба муайян кардани сифат ва самаранокии таълим, инчунин, салоҳияти омӯзгорон дар муассисаҳои таълими умумии мамлакат эълон кард. Дар он 10 фоизи мактабҳои ҷумҳуриятамон, яъне 992-то, аз вилояти Самарқанд бошад 125 мактаб иштирок карданд.
Рейтинги миллӣ аз рӯйи:
– тайёрии хатмкунандагон аз рӯйи фанҳои умумтаълимӣ ва дараҷаи сифати таълим;
– сатҳи дониши хонандагони синфҳои нӯҳум;
– ҳиссаи омӯзгорони тоифаи олӣ ва якум дар мактабҳо;
– пурсиши иҷтимоӣ, яъне шароите, ки дар мактабҳо барои омӯзгорон фароҳам оварда шудаанд ва ҳолати муҳити таълим муайян карда шуд.
Дар он вилояти Самарқанд аз натиҷаи порсола 4 зина боло, яъне ҷои 9-ум, ноҳияи Нарпай ҷойи 184-ум, Пастдарғам 174-ум, Қӯшработ 160-ум, Ургут 150-ум ва Нуробод 142-юмро гирифтанд.
Дар байни 992-то мактаби ҷумҳурӣ мактабҳои рақами 74-уми ноҳияи Нуробод дар ҷои 981-ум, рақами 5-ум дар ҷои 946-ум буданд. Чунин натиҷаи манфӣ ноҳияи Нурободро аз ҷои 9-ум дар Рейтинги миллии соли гузашта имсол ба ҷои 12-ум фаровард.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар мактаби аз ҳама дурдасти 74-уми ноҳияи Нуробод шуда, бо ҷараёни таълиму тарбия шинос шуд. Бо омӯзгорон ва вакилони маҳалла вохӯрда, ба сабабҳои нишондиҳандаи паст гирифтани мактаб ва дараҷаи омӯзгорон маром зоҳир кард.
Маълум шуд, ки бемасъулиятии роҳбари мактаб, норасоии омӯзгорони соҳибтаҷрибаи фанҳои дақиқ ва табиӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ сабаби асосии ба миён омадани чунин муаммоҳо шудааст.
Соли 2019 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бинои иловагии мактаб сохта шудааст. Синфхонаи бо 21-то маҷмааи компутерӣ ҷиҳозонида дар ихтиёри хонандагон аст.
Э. Турдимов ба роҳбарони мутасаддӣ дар бораи ба мактаб ҷалб кардани омӯзгорони ботаҷриба, зиёд кардани фонди китобхона, фароҳам овардани шароит барои шуғли хонандагон бо спорт ва иҳота кардани атрофи мактаб супоришҳо дод.
Дар ҷамъомаде, ки Э. Турдимов дар ҳокимияти ноҳияи Нуробод гузаронд, масъалаҳои рӯзмарраи мазкур бо иштироки роҳбарони идора ва ташкилотҳои вилоятӣ, секторҳои ноҳия, шӯъбаи вилоятии Нозироти давлатии назорати сифати таълим, Садорати таълими халқи вилоят, маркази ҳудудии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони сохтори таълими халқ ва директорони мактабҳо таҳлил карда шуданд.
Ҳокими вилоят ба фаъолияти директорони мактабҳое, ки нишондиҳандаи ин таълимгоҳҳо дар рейтинги миллӣ ниҳоят паст мебошанд, баҳои танқидӣ дод.
Дар ҷамъомад ба роҳбарон ва омӯзгорони мактабҳое, ки барои баланд шудани мавқеи вилояти Самарқанд дар рейтинги миллӣ ҳиссаи муносиб гузоштаанд, ташаккурнома ва тӯҳфаҳои хотиравии ҳокими вилоят супурда шуд.

Хизмати ахбороти Садорати таълими халқи вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ