Падари Ҳоҷӣ Абдулазиз ба писараш чӣ насиҳат карда буд?

…Ҳарчанд тағои Абдулазиз ба ҳурмати апаву язнааш ҷиянашро ҳамроҳ ба Бухоро овард, боварӣ надошт, ки овози ӯ ба устодони «Шашмақом»-и ин ҷо маъқул меафтод.
Вале чун ҳофизи номдори тоҷик Бобоҷалол (Отаҷалол) Нозирӣ, ки марди ҳунарманду ҳунарпарвар буд, овози бачаяк ва танбӯрнавозии ӯро шунид, мафтун гашта, нидо баровард:
– Истеъдод доштаӣ!
Ӯ ба падаре, ки ба қадри овози бача расида, онро то ҳадде такмил додааст, ғоибона сипосгузорӣ намуд. Боз ба танбӯрнавозии Азиз нигариста, овози ӯро дурудароз гӯш карду илова намуд:
– Устод бояд ба он шогирд вақту ҳунарашро сарф намояд, ки аз вай бӯйи умед бошад.
Ба Қорӣ Раҳматулло рӯ овард:
– Агар падараш розӣ бошад, ман бачаро ба шогирдӣ мегирам.
Қори Раҳматулло ба фаҳми он расида буд, ки чаро Расул тамоми ҳастиашро ба писараш мебахшад.
Пас истеъдоди дар ниҳоди писараш бударо медонистааст.
Чун Қорӣ Раҳматулло дар Бухоро корҳояшро ба сомон расонд, онҳо ҷониби Самарқанд баргаштанд.Раҳораҳ ба худ мегуфтанд, ки акнун зиндагӣ бо тарзи нав меравад, зеро барои Азиз дар пеш парвозгаҳи фарох кушода шудааст. Фақат болу пар задан лозим…
Вале масалест, ки гапи хона дар бозор рост намеояд, ҳамчунин гапи роҳ дар хона рост намеомадааст. Чунки Азиз падари ҷафокашу меҳрубон ва дилсӯзашро бистарӣ дарёфт. Аз рӯи гапи модар падарро як субҳидам дар паси дастгоҳи бофандагӣ нимҳуш ёфтаанд ва кашола карда, ба хона дароварда, хобондаанд.
Акнун падар бо чашмони фурӯрафтаи беҳол, бо тарсу умеди ниҳон ба Қорӣ Раҳматулло ва писараш менигарист. Мехост зудтар фаҳмад, ки ба устодони «Шашмақом»-и Бухоро овози писараш хуш омадааст ё не? Чун аз ҳамааш бохабар гашт дар чашмони фурӯрафтааш тарс барҳам хӯрду шарораҳои умед дурахшид…
Ду рӯз баъд нурҳои офтоби саҳархез аз равзанаи бешишаи дӯкон даромада, ӯро дар паси дастгоҳи бофандагӣ дид. Албатта, аҳволи Расул беҳтар нашуда буд, ангуштонаш ҳоло мисли торҳо меларзид, аммо корро идома медод. Ҳамсарашу Қорӣ Раҳматулло ҳарчанд, се-­чор рӯзи дигар хоб равед, пурра ба ҳуш биёед, баъд корро давом медиҳед, зеро кор гурехта намеравад гӯянд ҳам, ба эътибор намегирифт.
– Ба рӯи писарам дари иқбол кушода шудааст, – такрор мекард вай. – Коре карданам лозим, ки он пӯшида нашавад.
Аммо ӯ намедонист, ки хоҳишаш ҳар қадар зиёд бошад ҳам, нерӯи пайкараш камтар мондааст. Дар ҳақиқат, баъди шаш – ҳафт рӯзи меҳнати ҷонкоҳ вайро боз дар сари дастгоҳ беҳуш ёфтанд. Ин дафъа Расул ҳарчанд ба по хеста, ба паси дастгоҳи бофандагӣ баргаштанро хост, вале натавонист. Баъди чанд рӯзи дигар ӯ нохост бо як даҳшату ҳарос пай бурд, ки аз бистари бемори хеста наметавонад. Минбаъд ҳам хеста наметавонад. Хуллас ҳамааш ба охир расидааст…
…Пештанаи васеъ ва камгӯшти падар ҳоло бо як тарзи ғайриоддӣ шинухез мекард. Вай зӯр зада нафаси дар гулӯяш печидаро бо азобе рост карда, канда-­канда ба забон овард:
– Одамизод то наомӯзад пеш намеравад, Азиз… Алалхусус дар бачагию ҷавонӣ… ки ақлу ҳуши кас тозаю тез… Баъдтар ҳам омӯхтанро партофтан… лозим не… Ҳунарманд… то вақте ки пояш ба гӯр нарасид… бояд омӯзад…
«Барои чӣ дадом гапҳое, ки оянда гуфта метавонист ҳозир гуфт», – меандешид Азиз бо тарсу хавотир.
«Эҳ агар гапҳоямро ҳалқаи гӯш мекард», – баробари ин аз дил мегузаронд падар. Баъд боз зӯр зада, бо азобе дастони ларзонашро ба зери болишт бурда, аз он ҷо тугунчаеро бароварду ба рӯи кафи писар монд.
– Ин охирин ёрдами ман ба ту, бачем. Ин маб­лағи кам, вале чӣ илоҷ? Ман дигар имкони ба ту ёрдам додан надорам… – аз қаъри чашмони камнураш ду қатраи ларзони ашк ба сонӣ дурдонае рӯиду ба рухсораш ғелид.
Чанде баъд Қорӣ Раҳматулло ҳам ба хона даромад, ки модари Азиз ҳамроҳи яке аз духтаронаш барои даъвати вай рафта буд.
– Бачаҳоро ба ту… туро ба даргоҳи Худо… супоридам, – гуфт Расул бо овози тамоман бегонашудаи нимғурма. – Аз онҳо… бохабар бош… Азизро… эҳтиёт кун…
Ҷасади ғарибафтодаю ҷафокашидаи падарро хешу табор ва аҳли гузари қаротегиниҳо ва дигар ҳунармандони Самарқанд, ки ӯро дӯст медоштанду ҳурмат мекарданд, ба хок супориданд…
Дар деҳаҳои сари роҳ баъзан дар зери дарахт ё лаби сарҳавзе нишаста менавозаду месарояд. Дар атрофаш одамон гирд меоянд, сурудашро шунида, пешаш тӯҳфаҳо мегузоранд, агар шом расида бошад, вайро ба хона даъват мекунанд, дастархон кушода, ҳама ёфту тофташонро пешаш мемонанд. Азиз рӯз аз рӯз роҳи Бухороро кӯтоҳ мекунад. Вале намедонанд, ки устод Бобоҷалол ӯро қабул менамояд ё не? Магар намегӯяд, ки дар вақташ наомадӣ, акнун устоди дигар коб. Хайр чӣ илоҷ, ба ин зарбаи зиндагӣ ҳам тайёр будан лозим…
Чун ба Бухоро расид бар хилофи гумонҳояш Бобоҷалоли пешавару ҳунарпарвар ӯро хуш қабул намуд. Зеро Бобоҷалол дар ин байн аз одамоне, ки ба Самарқанд равуо доштанд, пурсуҷӯ карда, аниқ намуда буд, ки падари Азиз аз олам гузаштааст ва барои ҳамин ӯ ҳангоми ваъдагӣ ба Бухоро наомадааст.
– Дер ҳам бошад хуб, ки омадӣ, – гуфт вай.
«Барои ғановати маданияти мусиқии Самарқанд, – зикр намудаанд муҳаққиқон, – мактаби мусиқии Бухоро таъсири калон дошта, ин ҳол боиси ба ҳам наздик шудани услуби сурудан ва навохтани Самарқанду Бухоро гардидааст. Ҳофизони Самарқанд чун ҳофизони Бухоро аксари сурудҳоро бо танбӯр ҷӯр карда мехонданд»…
Азиз бошад, то Бухоро омадан дар танбӯрнавозӣ тахассус пайдо карда, бисёр банду бастҳои «Шашмақом», авҷу барори онро омӯхта буд. Ин ҷиҳат дар кори аз худ кардани усули бухороии навозиш ва хониш ба вай ёрии калон мерасонд.
Аз рӯи нақлҳо маълум мешавад, ки Азиз дар хонаи устод хобухез мекард ва аз ин рӯ аз чашми Бобоҷалол пинҳон намемонд, ки баъди машғулиятҳо дасту дили шогирд беихтиёр ба дутор меравад ва ӯ ҳар чизи бо танбӯр омӯхтаашро аз сари нав бо дутор иҷро мекунад. Гӯё маҳз барои оҳангҳои танбӯрро ба дутор гирифтан аз Самарқанд ба ин ҷо омадааст. Ин чиз Бобоҷалолро ҳайрон менамуд. Зеро «ҳофизони касбӣ чӣ дар Самарқанд ва чӣ дар Бухорою Хӯҷанд ғайри танбӯру доира ва сурнай мақомҳои мураккабро бо асбобҳои дигари мусиқавӣ ғайри қобили иҷро гумон доштанд. Бинобар ин, дар вақти навохтани чунин мақомҳо ба ғайр аз танбӯру доира ва сурнай, асбобҳои дигарро кам истифода мебурданд. Дутор бошад, дар Бухоро ба сифати сози якка интишор ёфта буд».
«Ин майл мабодо-­ку боиси шикасти Азиз нашавад» – аз дил мегузаронд Бобоҷалол. Вале азбаски вай марди ботамкину пурбардор буд, то фурсати қулай даст надиҳад, дар ин бора лаб кушодан намехост.
Боре вобаста ба кадом як муҳим ба хонаи Бобоҷалол санъаткорони Бухоро ҷамъ омаданд. Албатта дар хонаи Бобоҷалол барин муғаннии номӣ базм бе созу суруд намегузашт. Ин бор қатори дигарон ба Азиз ҳам навбат расид.
– Ку бубинем шогирди Бобоҷалол чӣ омӯхтааст? – изҳор мекарданд базмнишастаҳо.
Азиз дар назди ин бузургон ё саросема шуд, ё дидаю дониста танбӯрро нею дуторро гирифт. Оҳангҳое, ки махсуси танбӯр буданд, бо дутор иҷро намуд.
Аз ин рафтори Азиз нишастагон ба хулоса омаданд, ки вай ба танбӯр он қадар малака надорад, аз ин рӯ оҳангҳои хоси танбӯрро бо дутор иҷро мекунад. Ин ақидаро баъзеҳо рӯирост изҳор доштанд.
Барои ҳамин Азиз дуторро монду танбӯрро гирифта, чунон пуршӯру дилошӯб навохт, ки ҳайрати ҳозирон бештар гашт.
– Бало будаӣ, – гуфтанд онҳо.
Бобоҷалол, ки чун одат бештари вақт хомӯшу андешаманд менишист, ҳоло ба миён даромад.
– Ҳунарат дар тамбӯрнавозӣ нағз, зеро ҳар чизе, ки ман бо танбӯр навохта метавонам, ту аз худ кардаӣ. Вале намедонам чаро майлат ба дутор бештар?…
Арбобони шашмақомхони Бухоро ҳам оҳиста-­оҳиста ба қадри ҳунару навоварии Азиз мерасиданд ва онҳо акнун муғаннии ҷавонро бо ҳурмату эътибор Абдулазиз гуфта ном мегирифтанд.
Юнус Раҷабӣ навиштааст: «Вай (Абдулазиз) ҳар қадар ҳофиз ва сарояндаи пурқудрат бошад, ба ҳамон андоза дуторнавози моҳир ва забардаст ба ҳисоб мерафт…»
«Азиз дар навохтани дутор аз ҳама тарзҳои мавҷудаи иҷрочигии халқӣ ба монанди «қўшдутор», «якқатор» ва ғайра истифода мекард. Ӯ ҳангоми ба суруд ҷӯр кардани дутор ва гуфтани қисмҳои маъмули суруд, мисли аксари навозандагон бо зер кардани як пардаи дутор қонеъ нашуда, балки мувофиқи ҳар як овоз ба зер кардани пардаҳои гуногун овозҳои мураккаб ба вуҷуд меовард. Азиз на фақат дар якка навохтани дутор, ҳатто дар ҷӯр кардани он ба суруд ва дар иҷро гурезгоҳҳо (дар ин ҷо мелизмаҳо дар назар аст) маҳорати фавқулодда доштааст».

Аз китоби «Рўзгори соҳибдилон» таҳияи Б.МАРУФӢ ва Ф.САФАРОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ