«Худатонро эҳтиёт кунед!»

Имрӯзҳо, ки эҳтимоли сирояти коронавирус вуҷуд дорад, одамон ҳангоми сӯҳбат ва ё гуфтугӯйи телефонӣ дар ин бора бештар гап мезананд. Аз аҳволу саломатии якдигар хабардор гашта, ба онҳо барору комёбӣ мехоҳанд ва эҳтиёт кардани худро таъкид менамоянд. Мо ҳам бо фикру андешаҳои баъзеҳо шинос шудем.
У.РУСТАМОВ,
сокини маҳаллаи Ҷарқишлоқи ноҳияи Самарқанд:
– Дар як ҷо бо ошноям оғӯшкашон вохӯрӣ кардем. Аз он ҷо омадаму аҳволам вазнин шуд. Ман, ки сулфаи доимӣ дорам, гумон кардам боз грипп шудаам. Табъам баланд шуда, хунук хӯрдам. Тамоми баданамро дарди сахте фаро гирифт. Ба кӯрпа печида хобидам. Бар зидди шамолхӯрӣ ҳар хел доруҳо хӯрдам. Иштиҳо набошад, ки хӯрокҳои бақуввати серғизо истеъмол кардам. 8–10 рӯз аҳволам ҳамин хел гузашт. Бемадорӣ боз чанд рӯз давом кард. Баъд саломатиам рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Боз ба по хеста, ба кор рафтам. Ҳоло нағз, худам бехабар, аз афташ, коронавирусро аз сар гузаронидаам.
Р. КАРИМОВ,
маҳаллаи Шӯрбоии ноҳияи Самарқанд:
– Як бегоҳирӯзӣ ҳарорати баданам баланд шуд. Фарзандон ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ занг заданд. Духтурон омада, маро ба маркази табобатии коронавируси шаҳр оварданд. Дар ин ҷо баъди чанд рӯзи табобат ба хона ҷавоб доданд. Ҳоло зери назорати духтурон табобатро дар хона давом медиҳам.
С.КАМОЛОВА,
сокини шаҳри Самарқанд:
– Ин касалиро писарам аз ҷойи кораш овард. Чор рӯз хобида, аҳволаш беҳ шуд. Боз ба кор рафтан хост. Мо намондем. Баъд дар як вақт мо бо падараш хунук хӯрдем. Фаҳмем, ба мо ҳам сироят кардааст. Духтурҳои хуби инфексионистро даъват карда, дар хона табобат гирифтем. Шукри Худо, ки ҳоло нағз. Ба ин беморӣ тамоми аҳли хонаводаамон ҳам гирифтор шуданд. Бист рӯз набераҳоро аз хона ба берун баромадан намондам. Охир худи мо, ки касал шудем, дигарон нашаванд. Аз афташ, дигар илоҷе нест, ҳар кас ҳам ин касалиро аз сар гузарониданаш даркор барин…
Ш.АМОНУЛЛОЕВ, маҳаллаи Равонаки ноҳияи Самарқанд:
– Ҳамсарам бемории дил дошт. Ҳангоми муоинаи навбатӣ ба миқдори кам бошад, ки мавҷудияти вируси корона аниқ шуд. Ман ҳам доштаам. Чанд рӯз дар маркази «ковид» табобат гирифтем. Ба мо нағз нигоҳубин карданд, ки хеле миннатдор гаштем. Тақдир ҳамин хел будааст, чӣ илоҷ? Модари фарзандонро бой додем. Рӯзи ҷаноза аҳволам ниҳоят бад шуд. Баъди ду-­се рӯзаш дар маркази реабилитатсионии республикавӣ хобидам. Касалии қанд, ки дорам, табобат душвортар гардид. Фарзандон ҳам ба бемории коронавирус гирифтор шуда, дар беморхона хобида баромаданд. Натиҷаи таҳлил нишон дод, ки организмашон аз вирус тоза шудааст. Ба Худо ҳазорон шукр, ки ҳозир нағз. Меъёри қандро пасттар карданд. Бо вуҷуди он, худро эҳтиёт карда, зери назорати духтурон дар хона табобатро давом дода истодаам.
МӮҲРИДДИН (фамилия ва манзилашро ифшо кардан нахост):
– Бисёриҳо метарсанд. Ҳатто касал шуда бошанд, ки инро намегӯянд. Пинҳон кардан фоида надорад. Ҳама мешавад. Чунки паҳнкунандагони ин вирус бисёранд. Ҳозир пулу сарват не, саломатӣ бойигарӣ шудааст. Фақат натарсида, хӯрокиҳои бақувват хӯрдан даркор. Обу мева бисёртар бошад, боз нағзтар. Ин беморӣ мисли грипп сироят мекунад. Як шиноси ман, ки чандон ҷавон ҳам нест, ин касалиро дар ду рӯз паси сар кард. Вале барои баъзе одамоне, ки касалиҳои дигар доранд, хатарнок аст ва саҳл вазнинтар мегузарад. Баъди як-­ду сол ҳама одат карда мемонанд. Ва шояд ҳатто эътибор намедиҳанд. Организмамон ба ин вирус мутобиқат мекунад ва бар зидди коронавирус иммунитет пайдо мешавад.
Дар рафти сӯҳбатҳо фикрҳои гуногунро мешунавед. Аз рӯйи нақли кадоме ҳатто як пиразан чунин касал шудааст. Баъд ба маъракаҳо рафта, бемалол «ман касал шудам, дигарон ҳам шаванд-­дия!» мегуфтааст.
Хулоса, дар вохӯрӣ, сӯҳбат ё гуфтугӯйи телефонӣ мардум аз якдигар ҳолу аҳвол пурсида, дар охир ҳатман таъкид мекунанд: «Худатонро эҳтиёт кунед!» Яъне, ҳар кас худро эҳтиёт кунад, сиҳатии дигарон ва дар ниҳояти кор саломатии аҳли ҷамъиятро аз сирояти коронавирус муҳофизат менамоянд. Шояд бо ҳамин роҳ аз болои ин вирус ғалаба кардан мумкин аст.

Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ