Тақдимоти китоб хотирмон гузашт

Дар мактаби мо ҳар моҳ ба муносибати аз нашр баромадани китобҳои тозанашри шоир ва нависандагон тадбирҳои ҷолиб баргузор мегардад ва вохӯрӣ бо муаллифи китобҳо ташкил карда мешавад. Ин албатта ба баланд шудани тафаккур ва васеъ гардидани ҷаҳонбинии хонандагон таъсири хуб мерасонад.
Чун давоми анъана дар доираи моҳонаи фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактабамон тақдимоти китобҳои «Устод Убайдӣ»-и Убайдуллоҳ Насруллоев ва «Баҳори мактаб»-и Асадуллоҳ Исмоилзода (Шукуров) гузаронида шуд.
Китоби «Усто Убайдӣ» дар бораи фаъолияти пурсамари муаллиф нақл карда, аз мутолиаи ин китоб хонандагон метавонанд барои худ ибрат гиранд ва аз роҳи чунин шахсони бомаърифат огоҳ бошанд.
Китоби «Баҳори мактаб» аз шеъру ҳикояҳои дилнишини шоири дӯстдоштаи ҷавонон Асадуллоҳ Исмоилзода иборат мебошад.
Ин тадбир байни хонандагони синфи 11-»А» бо ташаббуси роҳбари синф Мансур Норов ба қоидаҳои пандемия риоя намуда, бо рӯҳияти баланд гузашт. Дар он аз эҷодиёти шоирони имрӯзу дирӯзи адабиёти тоҷик байтбаракҳо, шеъру ғазалҳо қироат карда шуд. Хонандагон Асалой Болтабоева, Рухангез Муҳиддинова, Амир Холбоев, Шаҳзода Тӯрақулова, Марҷона Ҳайдарова ва дигарон бо шавқу ҳаваси зиёд шеърҳоро қироат намуданд.
Дар тадбир директори мактаб Равшан Раҷабов ва ҷонишини директор доир ба корҳои маънавӣ-­маърифатӣ Дилсора Зиёева иштирок намуда, ба хонандагон барои қироати зебо таҳсин гуфтанд.
– Дар оянда барои бештар гузаронидани чунин тадбирҳо тайёр ҳастем, – гуфт директори мактаб Р. Раҷабов. – Ҳоло дар шароити пандемия моҳе як бор гузаронидани чунин тадбирҳо рӯҳияти тамоми омӯзгорону хонандагонро болида мекунад. Ман аз баромадҳои хонандагон бисёр шод шудам ва ба як лаҳза бошад ҳам дар олами зебои адабиёт сайр кардам.
Ин тадбир бо сабаби пандемия бидуни иштироки нависандаву шоирҳо гузашт. Аммо мувофиқи таъкиди директори мактаб шоиру нависандагонро ҳам давъват менамоем ва аз забони онҳо шеърҳову ҳикояҳои хубро мешунавем.

Манзура ЎРОҚОВА, муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактаби таълими умумии рақами 39-и Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ