Коронавирус ба одамони бахтиёр камтар сироят мекунад


Ҳолати хуби рӯҳӣ барои мубтало нашудан ба коронавирус ёрӣ медиҳад. Бино ба тадқиқоти олимон, дар минтақаҳое, ки одамонаш худро бештар бахтиёр эҳсос мекунанд, COVID-19 камтар паҳн мешавад.
Дар ин бора Евгений Шляхто, мудири Пажӯҳишгоҳи миллии тиббии вазорати ҳифзи тандурустии Русия хабар дод. Ӯ таъкид кард, ки барои мубориза бо пандемия ниқобу дастпӯшҳо, фосилаи иҷтимоӣ ва дигар чораву тадбирҳо муҳимманд. Вале, ҳолати иммунитети шахсӣ низ нақши аҳамият дорад.
Маълум аст, ки афсурдагиву фишорҳои гуногун салоҳияти муборизаи организмро бар зидди бактерия ва вирусҳо кам мекунад. Ин ҳам ба коронавирус ва ҳам ба дигар бемориҳо тааллуқ дорад. Баръакс, хушҳолӣ иммунитетро мебардорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ