Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия меафзояд

Заминларзаи шадид дар Туркия дастикам 24 нафарро кушт ва 804 нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Дар ин бора Оҷонсии ҳолатҳои изтирорӣ ва офатҳои табиӣ дар Туркия хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, наҷотбахшон харобаҳои ҳашт хонаеро, ки дар Измир фурӯ рехтанд, аз назар гузарониданд. Кор дар нӯҳ бинои дигар идома дорад. Шояд талафот дар зери харобаҳо бошад.

Дар амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ қариб 4000 нафар, 20 саги наҷотбахш ва 475 мошин ҷалб карда шуданд.

Заминларзаи шадид дар Юнон низ эҳсос шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ