Ниҳоят CR7 шифо ёфт


Криштиану Роналду, ҳуҷумгари ҷамоаи “Ювентус” бемории COVID-19-ро мағлуб кард. Сайти расмии ҷамоа дар бораи шифо ёфтани ӯ хабар дод.
Ёдовар мешавем, Роналду 19 рӯз дар инзиво (изолятсия) буд. Охирин тести ӯ натиҷаи манфӣ нишон дод.
Криштиану Роналду дар ин муддат дар 2 бозии чемпионати Италия ва ду бозии гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони Аврупо иштирок накард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ