Русия ба муроҷиати сарвазири Арманистон дар бораи ёрӣ ҷавоб дод


Вазорати корҳои хориҷии Русия маълум кард, ки ҳукумати Русия ба Арманистон ҳамагуна ёрии зарурии амниятиро медиҳад, аммо вақте, ки дар қаламрави Арманистон ҷанг оғоз мешавад. Баёнияи ВКХ Русия дар ин бора имрӯз мунташир шуд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш Никол Пашинян, сарвазири Арманистон бо дархости ёрӣ ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия муроҷиат карда буд.
Пашинян дар паёми худ ба Путин вазъиятеро, ки дар натиҷаи “таҷовузи низомии Озарбойҷон ва Туркия ба Кӯҳистони Қаробоғ” ба вуҷуд омад, нақл кард. Ҳамчунин, ӯ таъкид кард, ки Озарбойҷон ба қаламрави Арманистон ҳамла кардааст.
Бояд гуфт, ки Русия ва Арманистон аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) ҳастанд. Бар асоси низоми созмон, ҳангоми таҷовуз ба як кишвари узви созмон, дигар кишварҳо бояд ба ӯ ёрӣ диҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ